Намояндагони ФФТ дар семинари иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа иштирок доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Намояндагони ФФТ дар семинари иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа иштирок доранд

Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Доҳа барои тимҳои миллӣ, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ширкат мекунанд, семинар доир менамояд.

Намояндагони 24 тими миллӣ, аъзои кумитаи тадорукот ва Конфедератсияи футболи Осиё дар ин семинар ҷамъ омадаанд.

Дар ин чорабинӣ Федератсияи футболи Тоҷикистонро менеҷери дастаи мунтахаби кишвар Беҳрӯзи Айниддинзода, сардори шуъбаи тиббии ФФТ, табиби тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе Фаррух Авезов, сардори шуъбаи бехатарии ФФТ Хуршед Каримов ва сардори дафтари матбуоти федератсия Фаридун Солиев намояндагӣ мекунанд.

Намояндагони КФО ва кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 бо дастаҳо раванди омодагӣ ва масъалаҳои гуногунро баррасӣ менамоянд. Барои намояндагони тимҳои миллӣ як қатор ҷаласаҳо ташкил карда шудаанд, ки ҷанбаҳои мухталифи қисми ниҳоии чемпионати Осиё – аз бехатарӣ то масъалаҳои техникиро дар бар мегиранд.

Назари худро бинависед