Бо мақсади омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи Лигаи олии кишвар, аз 9 то 19 март аз рӯи ҳисоб сеюмин мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бозиҳои мусобиқа дар майдонҳои футболбозии Осоишгоҳи “Баҳористон”, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир мегарданд. Дар ин мусобиқа нӯҳ дастаи лигаи олии мамлкат – «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), КМВА, «Душанбе-83» (ҳарду аз Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), инчунин ҳайати ҷавонони “Истиқлол”-и Душанбе ширкат менамоянд.
Тамоми харҷҳои баргузории мусобиқа – истиқомат ва хӯрока дар Осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллӣ дар Гулистон, таъмини даҳ даста бо дорувориҳои тақвиятдиҳандаи бадан, иҷораи майдонҳои футболбозӣ ва толорҳои варзишӣ, инчунин мукофотонии ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи Тоҷикистон пардохт мешаванд.
Дар доираи иштирок дар Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, дастаҳои лигаи олӣ метавонанд ҷамъомади омӯзишӣ-машқии пурраи худро баргузор намоянд. Лигаи футболи Тоҷикистон дар ин давра баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла семинарҳо барои бозигарон, мураббиён, роҳбарони бошгоҳ ва духтурони дастаҳоро нақшагузорӣ кардаст.
Ёдрас мешавем, ки Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон аз соли 2019 баргузор мешавад. Нахустин барандаи ин ҷом дастаи КМВА-и Душанбе аст. Соли гузашта Ҷоми мазкурро дастаи “Истаравшан” ба даст оварда буд.