Мунтахаби Тоҷикистон (U-20): омодагии ниҳоӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон (U-20): омодагии ниҳоӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I», ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд, тамринҳои ниҳоиро анҷом медиҳад.

Рақибони дастаи мо дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои Сингапур (14 сентябр), Лубнон (16 сентябр) ва Камбоҷа (18 сентябр) ба ҳисоб мераванд. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд. Вохӯриҳо бо ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соати 20:00 оғоз мешаванд. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Қобили зикр аст, ки ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола

Гурӯҳи «I»

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

 

Даври 1

14 сентябр (чоршанбе)

17:00 – Камбоҷа – Лубнон

20:00  ТОҶИКИСТОН – Сингапур

 

Даври 2

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН

 

 Даври 3

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

 

Назари худро бинависед