Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои охиринро пеш аз оғози мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои охиринро пеш аз оғози мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» доир кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз тамрини охиринро пеш аз оғози мусобиқоти Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи «А», ки аз 11 то 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад, анҷом дод.

Машғулиятҳои пеш аз бозии дастаи мо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд барпо гардид ва як соат давом кард. Дар тамринҳо ҳамаи 26 футболбозе, ки ба дархости ниҳоии тим дохил шуда буданд, иштирок карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии якуми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» пагоҳ, 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор шуда, соати 18:30 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед