Мунтахаби Тоҷикистон охирин тамринҳои худро пеш аз бозӣ бо тими миллии Русия доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон охирин тамринҳои худро пеш аз бозӣ бо тими миллии Русия доир кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тамоми ҳайат ҷамъ омада, тамрини ниҳоиро пеш аз бозии дӯстона бо тими Русия анҷом дод.

Машқҳои пеш аз бозии дастаи Петр Сегрт як соат давом кард, ки 15 дақиқаи аввали он барои расонаҳо кушода буд.

Имрӯз, 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📆 17 ноябр (панҷшанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед