Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рақобати даври ниманиҳоии мусобиқоти «Ҷоми Мердека-2024» бо либосҳои сурх бозӣ мекунад.
Қабл аз вохӯриҳои ниманиҳоии «Ҷоми Мердека-2024» дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур ҷаласа баргузор шуд. Дар ҷамъомад намояндагони Ассотсиатсияи футболи Малайзия, кумитаи ташкилии маҳаллӣ ва дастаҳои миллии Малайзия, Филиппин, Лубнон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилӣ баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Мунтахаби Тоҷикистон пагоҳ бо либоси сурх ва тими Лубнон бо либоси сафед ба майдон мебароянд.
Тибқи низомномаи мусобиқот агар вақти асосии вохӯрии ниманиҳоӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, силсилаи пеналти муқаррар карда мешавад.