Мунтахаби Тоҷикистон дар финали «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар финали «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия бозӣ мекунад

Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи «Ҷоми Mердека-2023», имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт дар Малайзия нахустин тамринҳои худро анҷом дод.

Аз 23 бозигаре, ки барои ширкат дар ин мусобиқот даъват шудаанд, 18 нафарашон ҳоло дар ҳайати тими миллӣ ҳастанд. Дастаи мо пагоҳ, 11 октябр пурра ҷамъ мешавад.

Кумитаи тадорукоти мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» ба формати мусобиқа тағйирот ворид кард. Мунтахаби Фаластин бинобар вазъи мушкили сиёсӣ дар кишвар маҷбур шуд, ки аз ширкат дар ин мусобиқот даст кашад. Қарор буд дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Фаластин 13 октябр бо тими Тоҷикистон бозӣ кунад. Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон пеш аз муҳлат ба финали «Ҷоми Мердека-2023» роҳ ёфт, ки ҳамакнун рӯзи 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур бо ғолиби даври ниманиҳоӣ миёни дастаҳои Малайзия – Ҳиндустон рақобат мекунад.

 

🏆 Мусобиқаи байналмиллалии «Ҷоми Мердека-2023»

Даври 1/2 ниҳоӣ

📅 13 октябр (ҷумъа)

18:00 – 🇲🇾 Малайзия – 🇮🇳 Ҳиндустон

 

Финал

📅 17 октябр (сешанбе)

18:00 – Ғолиби ҷуфти 🇲🇾 Малайзия/🇮🇳 Ҳиндустон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН 

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

 

Назари худро бинависед