Мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» бо Малайзия бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» бо Малайзия бозӣ мекунад

Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии 42-юмин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека», ки рӯзи 17 октябр дар Куала-Лумпур баргузор мешавад, маълум шуд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи мо бо мизбони мусобиқот, тими Малайзия, ки дар даври ниманиҳоӣ бар мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд, рақобат хоҳад кард.

Вохӯрии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» миёни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон рӯзи 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

 

🏆 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023»

Финал

📅 17 октябр (сешанбе)

Оғоз – соати 18:00 ба вақти Душанбе

🇲🇾 Малайзия – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

Назари худро бинависед