Мунтахаби Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Баҳрайн ва Туркманистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Баҳрайн ва Туркманистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бозӣ мекунад

Бар асоси натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» қарор гирифт, ки дар он бо тимҳои миллии Ӯзбекистон, Баҳрайн ва Туркманистон рақобат хоҳад кард.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад.

 

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:

Гурӯҳи «А»: Кувайт, Ироқ, Таиланд, Уммон.

Гурӯҳи «В»: Ӯзбекистон, Баҳрайн, ТОҶИКИСТОН, Туркманистон.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Лубнон, Тайбэйи Чин, Индонезия.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Назари худро бинависед