Мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар Ҷоми Осиё-2023 ба анҷом расонд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар Ҷоми Осиё-2023 ба анҷом расонд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа анҷом дод. Дар бозии даври чорякниҳоӣ футболбозони мо лаҳзаҳои зиёди голзанӣ ба вуҷуд оварда, дар як рақобати баробар аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд.

Дар маҷмуъ мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ вохӯрӣ анҷом дод. Шогирдони Петр Сегрт дар марҳилаи гурӯҳӣ бар Лубнон пирӯз шуда (2:1), бо Чин мусовӣ (0:0) намуданд ва аз дастаи Қатар шикаст хӯрданд (0:1). Дар бозии даври 1/8 ниҳоӣ дастаи мо нисбат ба мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи пеналти) қавитар баромад.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин баромади худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори ҳаштгонаи беҳтарини қитъа ворид шуд.

 

🏆 Ҷоми Осиё-2023

Даври 1/4 ниҳоӣ

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇯🇴 Урдун – 0:1

️ Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 66 – автогол.

🇹🇯 Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Алишер Шукуров, Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев, Шервонӣ Мабатшоев, Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов,76), Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 29, Алиҷони Бӯризод, 82).

🏟 2 феврал. Доҳа. Варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 35 530 тамошобин.

Назари худро бинависед