Мунтахаби Тоҷикистон барои тамринҳои дастаҷамъии пеш аз Ҷоми Осиё-2023 озими Дубай шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон барои тамринҳои дастаҷамъии пеш аз Ҷоми Осиё-2023 озими Дубай шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Дубай сафар кард, ки онҷо ҷамъомади тамринии нахустини даста қабл аз Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад.

Машқҳои таълимӣ-тамринӣ то 27 декабр идома хоҳанд кард. Сипас мунтахаби Тоҷикистон дар Абу-Даби аз 28 декабр то 7 январ ҷамъомади тамринии дуюмашро доир мекунад. 8 январ ҳайати тими мо барои ширкат дар қисми ниҳоии чемпионати Осиё ба Қатар меравад.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат мекунад.

Назари худро бинависед