Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки барои ҷамъомади тамринӣ дар Қатар қарор дорад, бо бошгоҳи маҳаллӣ бозии санҷишӣ анҷом дод.
Ҳарифи тими мо бошгоҳи «Ал-Вааб» буд, ки дар дивизиони якуми Қатар бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ал-Арабӣ»-и Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи бошгоҳи қатарӣ ба поён расид. Аз ҳайати дастаи мо голро Руслан Хайлоев, ки имрӯз ба мунтахаб пайваст, дар дақиқаи 83-юм ба самар расонд. Аз дастаи «Ал-Вааб» легионери марокашӣ Янис Фатҳиддин (дақиқаи 30-юм, аз пеналти) ва собиқ бозигари мунтахаби ҷавонони Сенегал Бернард Файе Бабакар (дақиқаи 40-ум) гол заданд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Давҳа мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) рақобат мекунад.