Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ветнам бозиҳои дӯстона баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ветнам бозиҳои дӯстона баргузор мекунад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 таҳти роҳбарии Мубин Эргашев бо ҳамсолони худ аз Ветнам ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 20 ва 23 март дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Шашумин Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола аз 15 апрел то 3 май дар Давҳа баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) нерӯ месанҷад.

Дар сурати аз гурӯҳ баромадан дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Ӯзбекистон, Ветнам, Кувайт ё Малайзия бозӣ мекунад.

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📅 20 март (чоршанбе)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇻🇳 Ветнам

🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

 

📅 23 март (шанбе)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇻🇳 Ветнам

🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Назари худро бинависед