5 феврал дар шаҳри Минск мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» оғоз мешавад, ки дар он тими наврасони Тоҷикистон (U-17) низ ширкат мекунад.
Дар оғози мусобиқот наврасони мо таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов 5 феврал бо ҳамсолони худ аз Русия бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ соати 14:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими рақобатро шабакаи «ТВ Футбол» ба роҳ мемонад.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск
️ Гурӯҳи «В». Даври 1
5 феврал (якшанбе)
Оғоз – соати 14:50 ба вақти Душанбе
Русия (U-17) –
ТОҶИКИСТОН (U-17)
Толори футболи Минск