Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай бозии санҷишии якумро анҷом дод.
Дастаи мо дар аввал тибқи нақша бояд бо мунтахаби Замбия рӯ ба рӯ мегашт, аммо мушкилоти раводид ба тими африқоӣ монеъ шуд, ки сари вақт ба АМА ворид шавад. Дар ниҳоят дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо Каледонияи Нав рақобат кард. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 ҷамъбаст гардид. Голро аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Назриев зад.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) бозӣ мекунад.