Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барандаи медали биринҷии чемпионати CAFA-2023 (U-20) гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барандаи медали биринҷии чемпионати CAFA-2023 (U-20) гардид

Дар Тоҷикистон чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола ба анҷом расид. Дар натиҷаи ин мусобиқа мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври ниҳоӣ аз тими ҷавонони Эрон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Аз ҳайати дастаи мо Беҳрӯз Хуҷаев муаллифи гол шуд.

Дар вохӯрии дигари даври чорум мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Ӯзбекистон ғолиби чемпионати CAFA-2023 гардид, ки дар чаҳор бозии анҷомдода 10 имтиёз ба даст овард. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон шуд, ки 9 имтиёз дарёфт намуд. Зинаи ифтихории сеюмро тими наврасони Тоҷикистон ба даст овард. Аз рӯи натоиҷи мусобиқот шогирдони Раҳматулло Фузайлов 5 имтиёз касб карданд. Дар ҷараёни мусобиқа дастаи мо бар тими Туркманистон (4:2) ғалаба карда, бо мунтахабҳои Афғонистон (1:1) ва Ӯзбекистон (1:1) мусовӣ намуд.

Дар маросими ҷоизасупории чемпионати CAFA-2023 ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ширкат карданд.

Ҷоизаи «Fair Play» насиби тими Афғонистон ва ҷоизаи махсус аз они дастаи Туркманистон гардиданд. Бозигари тими миллии Эрон Ризо Мирзоён бо задани шаш гол нишонзани беҳтарин эътироф шуд. Муфидтарин бозигари чемпионати CAFA-2023 капитани мунтахаби Ӯзбекистон Муҳаммадалӣ Уринбоев эълон гардид.

 

🏆 Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20). Даври 5

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇷 Эрон – 1:2

️ Голҳо: Ризо Мирзоён, 16 (0:1). Аббос Каҳризӣ, 28 (0:2). Беҳрӯз Хуҷаев, 74 (1:2).

🏟 28 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3500 тамошобин.

 

🇦🇫 Афғонистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 0:4

️ Голҳо: Темур Одилов, 18 (0:1). Темур Одилов, 40 (0:2). Далер Тухсанов, 40 (0:3). Нурлан Иброимов, 87 (0:4).

🏟 28 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 150 тамошобин.

Назари худро бинависед