Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини ба бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 муқобили дастаи Чехия омодагӣ мебинад.
Ин бозӣ рӯзи 5 ноябр дар майдони 8-и «Aspire Zone» воқеъ дар шаҳри Давҳа баргузор гашта, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.