Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд дар чемпионати CAFA-2025 ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд дар чемпионати CAFA-2025 ширкат мекунад

Ҳайати навдаъвати мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 24 то 31 май дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар чемпионати CAFA-2025 шаш дастаи минтақа ширкат менамояд: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон. Дар қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо дар як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро ишғол мекунанд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Инчунин бозии тасаллобахш барои ҷойҳои панҷум-шашум баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд доир мешаванд.

Бояд гуфт, ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар мусобиқаи CAFA 7 бозигаре, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ ширкат доштанд, даъват шудаанд. Баъди ба даст овардани роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ҳайати нави мунтахаби наврасони мо роҳхати мустақими Ҷоми Осиё-2026-ро соҳиб гардида, аз бозиҳои интихобӣ озод аст.

Назари худро бинависед