Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар чемпионати CAFA-2023 ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар чемпионати CAFA-2023 ширкат мекунад

Дастаи нави наврасони Тоҷикистон (U-15), ки моҳи октябри соли оянда дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 ширкат мекунад, дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баромад мекунад.

Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17) аз 20 то 27 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаҳои наврасони панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Далер Каёсов дастаи моро ба мусобиқаи дарпешистода омода менамояд.

Дар доираи чемпионати CAFA-2023 (U-17) 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи холҳо муайян карда мешавад.

 

🏆 Чемпионати CAFA-2023 миёни наврасон (U-17)

🔺 Иштирокчиён:

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇮🇷 Эрон

🇺🇿 Ӯзбекистон

🇦🇫 Афғонистон

🇰🇬 Қирғизистон

 

Даври 1

📅 20 август (якшанбе)

18:00 – 🇰🇬 Қирғизистон – 🇦🇫 Афғонистон

21:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇮🇷 Эрон

 

Даври 2

📅 21 август (душанбе)

18:00 – 🇦🇫 Афғонистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

21:00 – 🇰🇬 Қирғизистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон

 

Даври 3

📅 23 август (чоршанбе)

18:00 – 🇮🇷 Эрон – 🇦🇫 Афғонистон

21:00 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇰🇬 Қирғизистон

 

Даври 4

📅 25 август (ҷумъа)

18:00 – 🇮🇷 Эрон – 🇰🇬 Қирғизистон

21:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5

📅 27 август (якшанбе)

18:00 – 🇦🇫 Афғонистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон

21:00 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇷 Эрон

Назари худро бинависед