Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) сеюмин пирӯзиашро дар чемпионати CAFA-2022 ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) сеюмин пирӯзиашро дар чемпионати CAFA-2022 ба даст овард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Ҳисор ҷараён дорад, сеюмин пирӯзиашро ба даст овард. 

Дар даври навбатӣ бачаҳои мо тими Эронро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд. Дар вохӯрии дигар мунтахаби Ӯзбекистон бар тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Як давр пеш аз анҷоми мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон (U-14) 9 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқот пешсаф аст. Дар рӯзи охирини мусобиқот, 18 ноябр тими мо бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 16:00 оғоз мешавад.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 14-сола

Даври 1

Ӯзбекистон – Туркманистон – 8:1

Эрон – Афғонистон – 0:1

 

Даври 2

Туркманистон – ТОҶИКИСТОН – 0:9

Ӯзбекистон – Эрон – 1:3

 

Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон – 4:0

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

 

Даври 4

Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:1

Эрон – ТОҶИКИСТОН – 0:2

 

Дар даври 5-ум вомехӯранд:

18 ноябр (ҷумъа)

11:30 – Туркманистон – Эрон

16:00 ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Назари худро бинависед