Мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз кард

Дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии нав Юсуф Рабиев омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки дар даҳаи дуюми моҳи сентябр баргузор мешавад, оғоз кардааст.

Барои ширкат дар ҷамъомади аввали тамринии даста таҳти роҳбарии ситоди мураббиёни нав 30 бозигар – 4 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуданд. Даста ҳар рӯз ду маротиба дар Варзишгоҳҳои марказии Душанбе ва Ҳисор тамрин мегузаронад.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи мамлакат дар гурӯҳи “В” баромад мекунад. Дар гурӯҳ дастаҳои мунтахаби миллии футболи занонаи Ветнам, Молдив ва Афғонистон мебошанд. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” ниммаи дуюми моҳи сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова («Зебонисо»), Адолатхон Комилова («Хатлон»), Муниса Гулова («Зебо»), Дилноза Нурова («Ҳосилот»);

Муҳофизон: Сахина Саидова («Хатлон»), Нисо Абдуллоева, Шамсия Ҳусейнова, Карина Мирзоева, Насиба Олимова (ҳама аз «Зебонисо»), Лайло Кучкинова («Зебо»), Мунаввара Назаркулова («Суғд»), Муниса Мирзоева, Барно Хоҷазода (ҳарду аз «Равшан»), Гузал Юсупова («Бешкент»), Муниса Мирзоева (бе даста);

Ниммуҳофизон: Ҷонона Қурбонова, Мадина Давлятова (ҳарду аз «Зебонисо»), Беназир Ҷумахонзода, Сабрина Одинаева, Шаҳноза Бобоева, Мунира Шарипова (ҳама аз «Хатлон»), Шукронаи Ҷумахон («Зебо»), Гулфайрӯз Ҳазратова («Равшан»), Фарзона Раупова («Конибодом»), Дилнура Абдуқодирова («Суғд»), Наталя Сотникова (бе даста);

Ҳамлагарон: Лайло Ҳалимова, Меҳрангез Шарифова (ҳарду аз «Хатлон»), Малика Қаюмова («Чашма»), Зулайхо Сафарова (бе даста).

Сармураббӣ – Юсуф Рабиев.

Назари худро бинависед