Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар моҳи май бо тимҳои миллии Ироқ ва Таиланд бозиҳои дӯстона мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар моҳи май бо тимҳои миллии Ироқ ва Таиланд бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо тимҳои миллии Ҷопон ва Мянмор, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тимҳои миллии Ироқ ва Таиланд ду бозии дӯстона мегузаронад.

Бозии дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ироқ рӯзи 24-уми май дар Варзишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Басраи Ироқ баргузор хоҳад шуд. Бозӣ бо мунтахаби миллии Таиланд бошад рӯзи 29-уми май дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мегузарад.

Ёдрас мешавем, ки ду бозии боқимондаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи вохӯриҳои марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7 июн) ва Мянмор (15 июн) дар шаки мутамарказонидашуда дар Ҷопон доир хоҳанд шуд.

 

Бозиҳои дӯстона

24 май (душанбе)

Ироқ – ТОҶИКИСТОН

Басра, Ироқ

 

29 май (шанбе)

Таиланд – ТОҶИКИСТОН

Дубай, АМА

Назари худро бинависед