Мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев омодагияшро ба бозии дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон, ки рӯзи 3-юми сентябр дар варзишгоҳи “Локомотив”-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад, идома дода истодааст.
Дар доираи ин омодагӣ тамрини навбатии даста аз бозии дуҷониба иборат буд. Ҳайати даста ба ду ҳайати 11 касӣ тақсим шуда, муқобили ҳамдигар бозӣ карданд. Қисмҳои ин бозӣ иборат аз 20 дақиқагӣ буд.
Рӯзи душанбеи 31 август тими миллии Тоҷикистон тамрини ҷамъбастии худро дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор намуда, субҳи сешанбеи 1-уми сентябр тавассути масири заминии Душанбе – Хуҷанд ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар мекунад. Бозии дӯстона бо тими миллии Узбекистон рӯзи 3 сентябр дар варзишгоҳи “Локомотив”-и шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд.