Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон дар Тошканд дар чемпионати CAFA-2023 ширкат меварзад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон дар Тошканд дар чемпионати CAFA-2023 ширкат меварзад

Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ширкат мекунад. 

Тошканд дуюмин чемпионати CAFA байни дастаҳои мунтахаби футзали занонаро мизбонӣ мекунад. Бозиҳо аз 25 то 31 январ доир мешаванд. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои медалҳо мубориза мебаранд. 

Тибқи низомнома, чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни бонувон аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад ва дар он ҳар як даста бо ҳамдигар як бозигӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад. 

Қобили зикр аст, ки ғолиби якуми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни тимҳои футзали занона мунтахаби Эрон аст, ки соли гузашта дар Душанбе медалҳои тилло ба даст оварда буд.

 

🏆 Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни бонувон

️ Иштирокчиён: Ӯзбекистон, Эрон, ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон.

📅 Замон – 25-31 январ.

🏟 Макон – Тошканд, Ӯзбекистон.

Назари худро бинависед