Мунтахаби футзали Тоҷикистон: тамринҳо барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Русия ҷараён доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон: тамринҳо барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Русия ҷараён доранд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо ноибқаҳрамони Аврупо – тими Русия идома медиҳад. 

Дар ихтиёри мунтахаби Тоҷикистон 16 бозигар – 2 дарвозабон ва 14 футзалбоз қарор дорад. Имрӯз тими мо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе машғулияти дусоата гузаронд, ки дар онҷо вохӯриҳои рафиқона бо дастаи Русия барпо мегарданд. 

Пагоҳ, 6 ноябр тими Пайрав Воҳидов тамринҳои ниҳоиро баргузор мекунад. 

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 7 ва 8 ноябр бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Русия баргузор мешаванд. Бозиҳо соати 20:00 оғоз мегарданд. Пас аз анҷоми бозиҳо шаш смартфони Samsung Galaxy A03 байни мухлисон аз рӯи чиптаҳо ба бозӣ гузошта мешавад. 

Нархи чиптаи муқаррарии бозӣ 30 сомонӣ ва чиптаи VIP 100 сомонӣ аст. Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футзал даъват мекунем! Биёед якҷо тими миллии худро дастгирӣ кунем!

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📆 7 ноябр (душанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ

 

📆 8 ноябр (сешанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ

Назари худро бинависед