Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии сеюми санҷиширо бо тими Ӯзбекистон доир намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии сеюми санҷиширо бо тими Ӯзбекистон доир намуд

Дар Ҷиззах бозии сеюми дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин дафъа вохӯрӣ бо пирӯзии калони футзалбозони Ӯзбекистон (5:1) анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо голи ягонаро Идрис Ёров вориди дарвозаи дастаи Ӯзбекистон гардонд.

Дар ду бозии қаблии санҷишии дастаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ғолиб муайян нашуда буд – 4:4 ва 2:2.

Барои дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиҳои дӯстона як марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, ба ҳисоб мераванд. Дар Ҷоми Осиё дастаи мо дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) бозӣ мекунад.

 

Вохӯриҳои рафиқона

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 4:4

Голҳо: Дилшод Раҳматов, 7 (1:0). Ихтиёр Ропиев, 13 (2:0). Умед Кузиев, 19 (2:1). Ҳусниддин Нишонов, 19 (3:1). Баҳодур Хоҷаев, 26 (3:2). Идрис Ёров, 29 (3:3). Илҳом Ҳамроев, 31 (4:3). Дилшод Саломов, 34 (4:4).

14 июл. Ҷиззах. Маҷмааи варзишии «Суғдиёна».

 

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:2

Голҳо: Ҳусниддин Нишонов, 6 (1:0). Бахтиёр Солиев, 27 (1:1). Дилшод Раҳматов, 28 (2:1). Бахтиёр Солиев, 37 (2:2).

15 июл. Ҷиззах. Маҷмааи варзишии «Суғдиёна».

 

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 5:1

Голҳо: Акбар Усмонов, 11 (1:0). Шаҳром Фахриддинов, 20 (2:0). Ҳусниддин Нишонов, 33 (3:0). Дилшод Раҳматов, 36 (4:0). Акбар Усмонов, 38 (5:0). Идрис Ёров, 38 (5:1).

17 июл. Ҷиззах. Маҷмааи варзишии «Суғдиёна».

Назари худро бинависед