Мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бозии дӯстона доир мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бозии дӯстона доир мекунад

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) омодагиҳоро ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оғоз кард.

Дар ҷамъомади тамринии якум, ки дар Душанбе доир шуд, сармураббӣ Юсуф Рабиев 26 бозигарро назорат карда, 22 нафарро ба ҷамъомади дуюм даъват кард. Духтарон дар як рӯз ду маротиба машқ мекунанд.

Ҳафтаи оянда тими бонувони Тоҷикистон (U-20) ба Ҷидда сафар карда, бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 25 ва 29 октябр баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8 то 16 марти соли оянда баргузор мешавад. Ҳарифони мунтахаби мо дертар муайян мегарданд.

Назари худро бинависед