Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) охирин бозии санҷиширо қабл аз Ҷоми Осиё-2023 доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) охирин бозии санҷиширо қабл аз Ҷоми Осиё-2023 доир кард

Дар Ҳисор имрӯз, 24 феврал бозии дӯстонаи дуюм миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд. 

Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи Сурия – 2:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии мо голи ягонаро нимҳимоятгар Ҳамзаҷон Аҳтамов дар дақиқаи 24-ум ба самар расонд. 

Ин охирин рақобати санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) пеш аз Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Рӯзи 27 феврал дастаи мо барои ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё озими Тошканд мешавад. 

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахаби Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) нерӯ месанҷад.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-20) – Сурия (U-20) – 1:2

Голҳо: Муҳаммад Асад, 10 (0:1). Ҳамзаҷон Аҳтамов, 24 (1:1). Диёрбек Марауфов, 59 – ба дарвозаи худ (1:2).

Тоҷикистон (U-20): Сафармад Ғаффоров (Шаҳобиддин Маҳмудзода, 46), Асадбек Зиёзода (Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, 46, Фахриддин Ахтамов, 65), Меҳрубон Ғаффорзода (Содиқҷон Қурбонов, 65), Раҳматшо Раҳматзода, Хамзаҷон Аҳтамов (Азизбек Ҳаитов, 65), Диёрбек Марауфов (Шаҳриёри Иноятулло, 65), Кабир Салимшоев, Бежан Нишонбойзода (Алиҷони Айнӣ, 46), Абдулло Шарипов (Сунатулло Азизов, 75), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 46), Асадбек Ҷӯрабекзода (Далер Шарипов, 46).

Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

24 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

Назари худро бинависед