Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро бо мусовӣ оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро бо мусовӣ оғоз кард

Дар бозии даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “I” мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо тими ҷавонони Сингапур нерӯ санҷид. Бо вуҷуди бартарии калон доштанашон, шогирдони Аҳлиддин Турдиев рақобатро бо ҳисоби мусовӣ хотима доданд – 0:0. Дар дақиқаи 62-юми вохӯрӣ ҳамлагар Абдулфаттоҳ Худойдодзода зарбаи ҷаримавии 11 метраро ба самар расонида натавонист – зарбаи ӯро дарвозабони тими миллии Сингапур баргардонд.

Дар даври дуюми марҳилаи интихобӣ мунтахаби ҷавонони мо рӯзи 16 сентябр бо тими Лубнон, ки дар даври аввал бар дастаи Камбоҷа (1:0) пирӯз шуд, вомехӯрад.

Қобили зикр аст, ки ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола

Гурӯҳи «I». Даври 1

ТОҶИКИСТОН – Сингапур – 0:0

Пеналтиро иҷро карда натавонист: Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Тоҷикистон), 62 – дарвозабон.

Тоҷикистон: Суҳробхӯҷа Юсупов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубон Каримов, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Ахтамов, Амадонӣ Камолов, Азизбек Ҳаитов, Алиҷони Айнӣ (Бежан Нишонбойзода, 89), Кабир Салимшоев (Абдулло Шарипов, 70), Салам Ашӯрмамадов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Сунатулло Азизов, 70).

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин.

 

Камбоча – Лубнон – 0:1

Гол: Муҳаммад Содек, 9.

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Назари худро бинависед