Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия бо дастаи Озарбойҷон вомехӯрад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия бо дастаи Озарбойҷон вомехӯрад

Рақиби навбатии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия муайян шуд.

Ҷавонони мо бозии чоруми санҷишии худро бо мунтахаби ҷавонони Озарбойҷон (U-20) доир мекунанд. Ин дидор 6 феврал дар маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ»-и Сиде баргузор мешавад.

Қаблан дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар Анталия се бозии санҷишӣ – бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0), бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) ва дастаи «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) анҷом дода буд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) то 19 феврал ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия идома медиҳад.

 

🤝 Бозии санҷишӣ

📆 6 феврал (душанбе)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇦🇿 Озарбойҷон (U-20)

🏟 Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ»

Назари худро бинависед