Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади тамринӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии сармураббии нав Милош Костич дар Арабистони Саудӣ тамринҳоро оғоз кард.

Ҷамъомади тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Абҳа то 26 март идома хоҳад кард. Ба ин ҷамъомад 26 бозигар даъват шудааст. Дастаи ҷавонони мо дар Арабистони Саудӣ чанд бозии санҷишӣ низ анҷом медиҳад.

Қобили зикр аст, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 21 то 29 сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Рақибони дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар даври интихобӣ дертар маълум хоҳад шуд.

Назари худро бинависед