Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии дуюми дӯстонаро бо тими Арабистони Саудӣ (U-20) доир намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии дуюми дӯстонаро бо тими Арабистони Саудӣ (U-20) доир намуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бозии дуюми дӯстонаро анҷом дод.

Ин вохӯрӣ имрӯз, 16 июл дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ баргузор шуда, бо пирӯзии футболбозони араб – 3:0 анҷом ёфт. Аз ҳайати мизбонон Мусаб Ал-Ҷувайр дубл анҷом дод. Як голи дигарро Абдулло Радиф ба самар расонд.

Қаблан, дар бозии якуми дӯстона шогирдони Аҳлиддин Турдиев аз ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд.

Бозиҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Дар даври интихобӣ, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, тими мо дар гурӯҳи “I” бо яккачинҳои ҷавонони Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур бозӣ мекунад.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

Вохӯриҳои рафиқона

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Язид Гошан, 4.

14 июл. Абҳа, Арабистони Саудӣ. Майдони эҳтиётии варзишгоҳи ба номи шоҳзода Султон бин Абдулазиз.

 

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:0

Голҳо: Мусаб Ал-Ҷувайр, 8 (1:0). Абдулло Радиф, 9 (2:0). Мусаб ал-Ҷувайр, 12 (3:0).

16 июл. Абҳа, Арабистони Саудӣ. Майдони эҳтиётии варзишгоҳи ба номи шоҳзода Султон бин Абдулазиз.

Назари худро бинависед