Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷамъомади тамрини дуюмро дар Душанбе шуруъ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷамъомади тамрини дуюмро дар Душанбе шуруъ намуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷамъомади тамринии дуюми худро дар Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шуруъ кард. 

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Олег Кубарев ба ин ҷамъомад 28 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват кардааст. Ба далели номусоидии обу ҳаво даста тамринҳоро дар толори Академияи «Ювентус» дар Душанбе баргузор мекунад.

Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе 19 январ ба Анталия сафар карда, тӯли як моҳ чанд бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҷавонони мо дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) рақобат мекунад.

Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Индонезия хоҳад шуд.

 

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20): 

Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Динамо»); 

Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»), Диёрбек Марауфов («Равшан», Зафаробод), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»); 

Нимҳимоятгарон: Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Салоҳиддин Иргашев («Металлург», Ӯзбекистон), Фатҳулло Олимзода, Бежан Нишонбойзода, Азизбек Ҳаитов, Абдулло Шарипов (ҳама аз «Динамо»), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашӯрмамадов (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Равшан», Кӯлоб), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Сунатулло Азизов («Динамо»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (бе бошгоҳ). 

Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).

Назари худро бинависед