Мунтахабҳои ҷавонон ва олимпии Тоҷикистон дар бозии дуюми санҷишӣ мусовӣ карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахабҳои ҷавонон ва олимпии Тоҷикистон дар бозии дуюми санҷишӣ мусовӣ карданд

Дар шаҳри Душанбе бозии дувуми санҷишӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20) ва олимпӣ (U-23)-и Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин дафъа рақобати санҷишӣ мусовӣ хотима ёфт – 1:1. Ҳисобро дар дақиқаи 36-ум Рустам Соиров, ҳамлагари тими олимпӣ боз кард. Дар нимаи дуюм нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонон Абдулло Шарифов таносубро барқарор сохт.

Қаблан дар бозии якуми санҷишӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар тими олимпии кишвар бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

 

Бозии санҷишӣ

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) – Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 1:1

Голҳо: Рустам Соиров, 36 (0:1). Абдулло Шарифов, 60 (1:1).

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов, Фатҳулло Олимзода, Хусрав Тоиров, Бежан Нишонбойзода, Сунатулло Азизов, Муҳаммадалӣ Азизбоев.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Муҳриддин Ҳасанов, Сорбон Ғиёсов, Ҷонибек Шарифов, Алиҷон Кароматуллозода, Шоҳрух Сангов, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Манучеҳр Сафаров, Алишер Шукуров, Шаҳром Самиев, Рустам Соиров.

Довари марказӣ: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

24 декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 250 тамошобин.

Назари худро бинависед