Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол Федератсияи футболи Тоҷикистон дар «Кохи Парфенон»-и Душанбе бо иштироки намояндагони федератсияҳои минтақавии тобеи ФФТ, инчунин бошгоҳҳои лигаи олӣ ҷаласаи васеъ баргузор кард.
Дар ин ҷаласа ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, роҳбарони лигаҳо, раёсат ва шуъбаҳои ФФТ иштирок карданд.
Дар рафти ҷамъомад қайд гардид, ки дар соли 2026 дар доираи Рӯзи ҷаҳонии футбол роҳандозии ҳафтаи футбол ба нақша гирифта шудааст. Барномаи мазкур ба рушд ва оммавигардонии футбол дар кишвар нигаронида шудааст. Дар ин давра дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон чорабиниҳои идона бо таваҷҷуҳ ба ҷалби ҷавонон ба футбол баргузор мешаванд. Диққати махсус ба ташкили фестивалҳои футболӣ миёни кӯдакон ва наврасон равона карда мешавад. Чорабинии марказии ҳафтаи футбол фестивали асосӣ хоҳад буд, ки 25 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин масъалаҳои марбут ба озмуни «Беҳтарин мухлиси Тоҷикистон-2026»-ро баррасӣ карданд. Фонди ҷоизавии озмуни мазкур мисли соли гузашта дар ҳаҷми 150 000 сомонӣ тасдиқ гардид. Қайд карда шуд, ки солҳои охир афзоиши назарраси тамошобинон дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки ин аз зиёд гаштани таваҷҷуҳ ба чемпионати миллӣ шаҳодат медиҳад. Дар робита ба ин ба дастаҳои лигаи олӣ тавсия дода шуд, ки ҳамкориҳои худро бо мухлисон тақвият дода, корро дар рушди ҳаракати мухлисон ҷоннок созанд.
Инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон нақшаи худро барои хариди маҷмӯаи дуюми системаи ёрирасони видеоӣ (VAR) бо хатҳои офсайдӣ эълон кард. Татбиқи ин лоиҳа шумораи қарорҳои баҳсбарангези доваронро дар бозиҳои чемпионати Лигаи олии Тоҷикистон кам мекунад ва сатҳи доварии шаффофро афзоиш медиҳад.