Миннатдорӣ ба мухлисон барои дастгирии тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 – Федерация Футбола Таджикистана

Миннатдорӣ ба мухлисон барои дастгирии тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба тамоми мухлисон барои дастгирии тими миллии футзали кишвар дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7 то 11 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳори сипос мекунад.

Мо ба ҳамаи мухлисоне, ки ба Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе омада, мунтахаби футзали Тоҷикистонро дар бозиҳои интихобӣ бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (6:3), Фаластин (6:1) ва Мянмар (3:0) дастгирӣ карданд, изҳори сипос менамоем. Ташаккури зиёд барои руҳбаландӣ ва дастгирии самимӣ!

Федератсияи футболи Тоҷикистон инчунин ба тамоми хадамоте, ки дар ташкил ва баргузории марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён мекунад.

Бояд гуфт, ки дар се бозии интихобӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон бо касби се пирӯзӣ дар гурӯҳи «Е» мақоми аввалро ишғол карда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Таиланд баргузор мешавад, роҳ ёфт.

 

Назари худро бинависед