Мавсими нави лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими нави лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз гардид

Мавсими нави Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 бо иштироки шаш даста оғоз гардид.

Дар даври аввали мусобиқа қаҳрамони феълии футзали Тоҷикистон “Сипар”-и Хуҷанд, дар сафар бе ягон мушкилӣ бар дебютани имсолаи Лига дастаи футзали “Пойтахт” бо ҳисоби калони 8 бар 0 дастболо шуд. Дар ҳайати “Сипар” Иқбол Воситзода ва Алишер Сафаров ба задани ду голӣ, инчунин Раҳмоналӣ Шарипов, Шоҳрух Ҳамидов, Умед Кузиев ва Оятулло Сафаров бошанд ба задани як голӣ муваффақ шуданд. Дебютанти дигари Лигаи касбии футзали Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар даври ифтитоҳии мусобиқа бар “Самандар”-и Турсунзода бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз гашт. Дар ҳайати дастаи футзали “Истиқлол” Бахтиёр Солиев ва Мирсаид Камолов ба задани ду голӣ даст ёфтанд.

Даври ифтитоҳии Лигаи касбии футзали кишвар рӯзи панҷшанбеи 24-уми июн бо бозӣ байни дастаҳои “Соро компания” ва “Помир”-и Бадахшон ҷамъбаст хоҳад шуд. Ин вохӯрӣ соати 18:00 оғоз мешавад.

 

Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Даври 1-ум

«Пойтахт» – «Сипар» – 0:8

Голҳо: Иқбол Воситзода, 15 (0:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 16 (0:2). Шоҳрух Ҳамидов, 18 (0:3). Алишер Сафаров, 22 (0:4). Алишер Сафаров, 24 (0:5). Умед Кузиев, 30 (0:6). Иқбол Воситзода, 31 (0:7). Оятулло Сафаров, 34 (0:8).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Парвиз Раҳматов («Сипар»).

 

«Истиқлол» – «Самандар» – 4:1

Голҳо: Мирсаид Камолов, 6 (1:0). Акбар Маманазаров, 19 (1:1). Бахтиёр Солиев, 23 (2:1). Мирсаид Камолов, 27 (3:1). Бахтиёр Солиев, 31 (4:1).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Бахтиёр Солиев («Истиқлол»).

 

Дастаҳо  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд) 1 1 0 0 8-0 3
2 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 4-1 3
3 «Соро компания» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0
4 «Помир» (Хоруғ) 0 0 0 0 0-0 0
5 «Самандар» (Турсунзода) 1 0 0 1 1-4 0
6 «Пойтахт» (Душанбе) 1 0 0 1 0-8 0

 

Дар даври дуюм вомехӯранд:

26 июн (шанбе)

12:00 – «Сипар» – «Истиқлол»

15:00 – «Соро компания» – «Пойтахт»

18:00 – «Помир» – «Самандар»

Назари худро бинависед