Мавсими нави Лигаи футболи хиёбонӣ «Тсеll – Футбол ба назди шумо меояд» шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими нави Лигаи футболи хиёбонӣ «Тсеll – Футбол ба назди шумо меояд» шурӯъ шуд

Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 7-уми феврал, бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсими нави Лигаи футболи хиёбонӣ «Тсеll – Футбол ба назди шумо меояд»-ро оғоз бахшид.

Яке аз ҳадафҳои асосии барнома бедор намудани ҳавасмандии кӯдакон ба бозии футбол ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Чорабиниҳои барномаи Лигаи футболи хиёбонӣ «Тсеll – Футбол ба назди шумо меояд» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ҳисор баргузор гашта, дар онҳо ҳазорон нафар кӯдакон ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи мавсими нави лоиҳаи ҳаштуми барномаи Лигаи футболи хиёбонӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, директори генералии ширкати Тсеll Озодхон Давлатшоев ва директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба оғози барнома муборакбод гуфтанд ва барояшон барору комёбӣ таманно намуданд.

Дар ин мавсим Лигаи футболи хиёбонӣ «Тсеll – Футбол ба назди шумо меояд» дар ду марҳила баргузор мешавад ва дар он кӯдакони 7, 9 ва 11 сола иштирок мекунанд. Дар марҳилаи аввал мусобиқаҳои интихобӣ баргузор шуда, ғолибон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Мавсими нави Лигаи футболи хиёбонӣ “Футбол ба назди шумо меояд” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон охирҳои моҳи март шурӯъ хоҳад шуд.

Назари худро бинависед