Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон оғоз ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон оғоз ёфт

Бо баргузории панҷ бозӣ даври якуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи бонувон оғоз ёфт.

Дар чорумин чемпионати Тоҷикистон оид ба футболи бонувон 10 даста иштирок мекунанд, ки инҳо – «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Суғд» (Суғд), «Конибодом» (Конибодом), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Нушофарин» (Бохтар) мебошанд.

Дар даври аввали чемпионат, қаҳрамони феълии футболи бонувони кишвар дастаи “Зебонисо”-и пойтахт дар майдони худ бар “Бешкент”-и Шаҳритус бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 пирӯз шуд. Дастаи “Зебо”-и Дӯстӣ бошад бо ҳисоби калони 18 бар 0 дастаи нави Лигаи бонувон “Нӯшофарин”-и Бохтарро шикаст дод. Дар ин бозӣ 11 голро Шукронаи Ҷумъахон зад.

Дар бозиҳои дигар”Конибодом” бар “Чашма” бо ҳисоби 7 бар 0, “Суғд” бар “Равшан” бо ҳисоби 4 бар 3 ва “Хатлон” бар “Фархор” бо ҳисоби 8 бар 0 дастболо шуданд.

 

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона. Даври 1-ум

«Конибодом» – «Чашма» – 7:0

Голҳо: Фарзона Бобоева, 15 (1:0). Фарзона Бобоева, 38 (2:0). Ирода Ҷӯраева, 49 (3:0). Мунаввар Нарзиқулова, 58 (4:0). Ирода Ҷӯраева, 71 (5:0). Ирода Ҷӯраева, 77 (6:0). Ирода Ҷӯраева, 86 (7:0).

 

«Суғд» – «Равшан» – 4:3

Голҳо: Гулфайрӯз Ҳазратова, 6 (0:1). Рухшона Файзуллоева, 12 (1:1). Ҷонона Назарова, 26 (1:2). Рухшона Файзуллоева, 30 (2:2). Рухшона Файзуллоева, 40 (3:2). Рухшона Файзуллоева, 61 (4:2). Гулфайруз Ҳазратова, 89 (4:3).

 

«Зебо» – «Нӯшофарин» – 18:0

Голҳо: Шукронаи Ҷумахон, 7 (1:0). Шукронаи Ҷумахон, 10 (2:0). Рафоат Қувватова, 20 (3:0). Рафоат Қувватова, 21 (4:0). Шукронаи Ҷумахон, 28 (5:0). Шукронаи Ҷумахон, 32 (6:0). Муниса Гулова, 35 (7:0). Мавҷуда Сафарова, 38 – аз пеналти (8:0). Рафоат Қувватова, 52 (9:0). Шукронаи Ҷумахон, 55 (10:0). Шукронаи Ҷумахон, 60 (11:0). Шукронаи Ҷумахон, 62 (12:0). Зулайхо Сафарова, 63 (13:0). Зулайхо Сафарова, 65 (14:0). Шукронаи Джумахон, 66 – аз пеналти (15:0). Шукронаи Ҷумахон, 75 (16:0). Шукронаи Ҷумахон, 82 (17:0). Шукронаи Ҷумахон, 88 (18:0).

 

«Зебонисо» – «Бешкент» – 4:1

Голҳо: Марҷона Саидова, 25 (1:0). Нилуфар Аллаярова, 35 (1:1). Сайёра Саидова, 52 (2:1). Некӯбахт Худододова, 67 (3:1). Сайёра Саидова, 87 (4:1).

 

«Ҳосилот» – «Хатлон» – 0:8

Голҳо: Сабрина Одинаева, 12 (0:1). Лайло Ҳалимова, 25 (0:2). Сабрина Одинаева, 39 (0:3). Сабрина Одинаева, 55 (0:4). Лайло Ҳалимова, 63 (0:5). Лайло Ҳалимова, 79 (0:6). Лайло Ҳалимова, 81 (0:7). Лайло Ҳалимова, 88 – аз пеналти (0:8).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Зебо» (Дӯстӣ) 1 1 0 0 18-0 3
2 «Хатлон» (Бохтар) 1 1 0 0 8-0 3
3 «Конибодом» (Конибодом) 1 1 0 0 7-0 3
4 «Зебонисо» (Душанбе) 1 1 0 0 4-1 3
5 «Суғд» (Суғд) 1 1 0 0 4-3 3
6 «Равшан» (Кӯлоб) 1 0 0 1 3-4 0
7 «Бешкент» (Бешкент) 1 0 0 1 1-4 0
8 «Чашма» (Шаҳритус) 1 0 0 1 0-7 0
9 «Ҳосилот» (Фархор) 1 0 0 1 0-8 0
10 «Нӯшофарин» (Бохтар) 1 0 0 1 0-18 0

 

Нишонзанҳо: Шукронаи Ҷумахон («Зебо») – 11 гол, Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 5 гол, Рухшона Файзуллоева («Суғд») – 3 гол.

Назари худро бинависед