Маросими қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2025 баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Маросими қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2025 баргузор гардид

Як моҳ қабл аз оғози мавсими нав дар маҷмааи «Кохи Парфенон»-и пойтахт маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар 34-умин чемпионати Тоҷикистон, ки 7 март оғоз мешавад, 12 даста ширкат мекунад. Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Умуман, то охири мавсим ҳар як бошгоҳ дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад. Дастае, ки дар мавсими 2025 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меафтад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.

Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон бо иштироки меҳмонони зиёд доир шуд. Қуръакаширо собиқ бозигарони маъруфи тими миллии Тоҷикистон – Субҳон Хоҷамов ва Нуриддин Давронов гузарониданд.

Назари худро бинависед