Дар шаҳри Душанбе қуръакашии даври пешакии мусобиқаи Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 баргузор шуд.
16 даста аз лигаи якуми Тоҷикистон дар даври пешакии Ҷом иштирок мекунанд. Дар даври аввал ҳашт ҷуфт муайян карда шуд. Ғолибон ба даври дуюм роҳ меёбанд, ки дар натиҷаи он чор даста ба қисми асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 роҳхат мегиранд.
Бозиҳои аввали даври пешакӣ 21 ва 22 апрел ва вохӯриҳои даври дуюм 12 ва 13 май баргузор мешаванд.
Мувофиқи низомнома бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон иштирокро дар Ҷом аз даври 1/8 ниҳоӣ оғоз мекунанд.
Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026
Марҳилаи якуми муқаддамотӣ
«Моҳир» 🆚 «Ҳулбук»
«Сарҳадчӣ» 🆚 «Ҷиликӯл»
«Шодмон» 🆚 «Панҷшер»
«Мастчоҳ» 🆚 «Исфара»
«Сомон» 🆚 «Саразм»
«Душанбе» 🆚 «Шоҳмансур»
«Рахш» 🆚 «Норак»
«Рангон» 🆚 «Сарой-Камар»