Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини баромади дастаро дар Ҷоми Ҷаҳон-2025, ки се бозӣ – муқобили Чехия (1:6), ИМА (1:6) ва Буркина-Фасо (0:2) анҷом дод, шарҳ дод. Дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ тими наврасони мо мақоми охиринро гирифта, ба даври баъдӣ баромада натавонист.
Марко Раҷини, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон (U-17):
– Дар ҳар як мусобиқа вақти хулосабарорӣ фаро мерасад. Мутаассифона, дар се бозӣ шикаст хӯрда, дар гурӯҳ зинаи охиринро гирифтем. Вале ин маънои онро надорад, ки баромади мо нобарор буд. Мо имкон доштем бо дастаҳои беҳтарини ҷаҳон рақобат кунем. Гурӯҳи мо бисёр қавӣ буд.
Дар Қатар бозигарони ҷавони мо имкон доштанд, ки таҷриба гирифта, аз рақибони сатҳи баландтар омӯзанд. Мо бояд объективӣ бошем ва на танҳо дар бораи мухлисон фикр кунем: футболи наврасон дар саросари ҷаҳон пешрафт мекунад ва на танҳо ба натиҷа, балки ба сифати тамрин ва бозӣ афзалият медиҳанд.
Дар ин Ҷоми ҷаҳон якчанд дастаҳо сатҳи баландро нишон доданд, ки натиҷаи раванди дарозмуддати рушд аст. Муваффақияти дастаҳои пурқувват натиҷаи чандинсолаи сармоягузорӣ дар инфрасохтор, таълими мураббиён ва системаҳои омӯзиш мебошад. Расидан ба сатҳи зарурӣ дар чунин мусобиқаҳо ба монанди Ҷоми Ҷаҳон вақт ва сармоягузории назаррасро талаб мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Қатар дастаи миллии Тоҷикистон ду бозигари соли таваллудашон 2010, ҳафт нафар соли таваллудашон 2009 ва дувоздаҳ нафар соли таваллудашон 2008-ро дар бар мегирифт. Дар ин синну сол ду соли таҷриба, инчунин сатҳи лигае, ки бозигарон дар он бозӣ ва тамрин мекунанд, муҳим аст.
Бозигарони дастаи наврасони Тоҷикистон, ки солҳои 2010 ва 2009 таваллуд шудаанд, таҷрибаи назаррас ба даст овардаанд. Ин наврасон дар Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ асоси дастаро ташкил медоданд ва Федератсияи футболи Тоҷикистон метавонад ба онҳо дар оянда умед бандад.
Ман аз бозигарон тамоман шикоят надорам – ҳар яки онҳо дар майдон 100% кӯшиш карданд. Аммо воқеият ин аст, ки мо ҳанӯз ба сатҳи дастаҳои калон нарасидаем. Бешубҳа ба ин ноил хоҳем шуд, аммо танҳо бо вақти кофӣ ва нақшаи возеҳ.
Аз ҷониби худ метавонам бигӯям, ки дар якуним соли мураббигӣ ҳама чизеро, ки аз ман талаб карда шуда буд ва ҳама чизеро, ки ба директори техникӣ ҳангоми даъват шуданам ба ФФТ ваъда дода будам, иҷро кардам. Хусусан, ман дастаро аз зинаи якуми гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2025 баровардам. Ғайр аз ин, дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ дастаи мо дар гурӯҳи худ ҷои аввалро гирифт ва дар даври чорякниҳоӣ аз Кореяи Ҷанубӣ танҳо аз рӯйи силсилаи пеналти мағлуб шуд ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025 роҳ ёфт. Ман аз ин бештар карда наметавонистам. Шартномаам охири сол ба итмом мерасад ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба зудӣ нақшаҳои ояндаи худро эълон менамояд.