Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад

Пагоҳ, 21 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад. Дастаҳои Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, Уммон, Малайзия ва Шри-Ланка барои роҳхат ба қисми ниҳоии чемпионат мубориза мебаранд.

Дар остонаи оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U-20) дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе бо иштироки масъулин – комиссарон, нозирон, инчунин намояндагони дастаҳои иштирокчӣ ва кумитаи тадорукот ҷаласа доир гашт.

Дар ҷаласа дар қатори масъалаҳои дигар, ранги либосҳои дастаҳо тасдиқ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич бозии ифтитоҳии худро дар даври интихобӣ рӯзи 23 сентябр бо тими ҷавонони Шри-Ланка анҷом медиҳад. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед