Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал: имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Фаластин бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал: имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Фаластин бозӣ мекунад

Имрӯз, 9-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е» баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Фаластин, ки дар оғози даври интихобӣ аз дастаи Мянмар шикаст хӯрда буд, вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.

Соати 16:00 тимҳои Ҳиндустон ва Мянмар ба ҳам меоянд.

Нархи чипта 20 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамаи мухлисони футзалро ба бозиҳо даъват менамоем! Биёед дастаамонро якҷоя дастгирӣ кунем!

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал

♦️ Гурӯҳи «Е». Даври 2

📅 9 октябр (душанбе)

️ 16:00 – 🇮🇳 Ҳиндустон – 🇲🇲 Мянмар

️ 19:00 – 🇵🇸 Фаластин – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

Назари худро бинависед