Марҳилаи дуюми Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи дуюми Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал оғоз шуд

Бозиҳои даври ҳаштуми марҳилаи дувуми Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал баргузор шуданд.

Дар бозии марказии давр дастаи «Истиқлол» бо қаҳрамони феълии кишвар «Соро компания» мусовӣ кард – 2:2. Ҳамаи чаҳор голро дар ин бозӣ легионерҳои эронӣ ба самар расониданд. Аз ҳайати «Соро компания» Алӣ Муҳиб Алиён дубл анҷом дод. Аз «Истиқлол» голҳоро Ризо Тулуӣ ва Алӣ Иброҳимӣ ба самар расониданд.

«Сипар»-и Хуҷанд аз мусовии «Соро компания» ва «Истиқлол» истифода карда, дар майдони худ КМВА-и пойтахтро бо ҳисоби калон мағлуб намуд – 5:1.

Пас аз анҷоми ҳашт даври Суперлигаи Тоҷикистон-2022 «Сипар» 19 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқот пешсаф аст. «Истиқлол» бо 17 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дар зинаи баъдӣ «Соро компания» ва «Истаравшан», ки 16-имтиёзӣ доранд, мавқеъ гирифтаанд.

 

Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

Даври 8

«Самандар» – «Пойтахт» – 4:4

Голҳо: Мизроб Мизробиддинов, 6 (1:0). Фарид Охонвализода, 9 (1:1). Холмуъмин Ҳамроев, 17 (2:1). Меҳрубон Тиллоев, 26 (2:2). Низом Маҳмаев, 30 (3:2). Фарид Охонвализода, 33 (3:3). Фарид Охонвализода, 35 (3:4). Мизроб Мизробиддинов, 39 (4:4).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Мизроб Мизробиддинов («Самандар»).

 

«Сипар» – КМВА – 5:1

Голҳо: Иқбол Воситзода, 12 (1:0). Умед Кузиев, 15 (2:0). Умед Кузиев, 23 (3:0). Меҳрон Ризопур, 24 (4:0). Акмал Алиназаров, 28 (4:1). Умед Кузиев, 33 (5:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Меҳрон Ризопур («Сипар»).

 

«Истаравшан» – «Равшан» – 10:4

Голҳо: Қурбон Раҳимов, 7 (0:1). Меҳдӣ Карим, 8 (1:1). Меҳдӣ Карим, 9 (2:1). Парвиз Раупов, 16 (3:1). Зоҳир Камёб, 23 (4:1). Баҳодур Хоҷаев, 24 (5:1). Хусрав Қаюмов, 24 (6:1). Илҳом Баротов, 26 (7:1). Умедулло Умедуллоев, 28 (7:2). Хусрав Фозилов, 31 (8:2). Шуҳрат Баротов, 33 (9:2). Қурбон Раҳимов, 33 (9:3). Алишери Музаффар, 36 (9:4). Баҳодур Хоҷаев, 40 (10:4).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Парвиз Раупов («Истаравшан»).

 

«Истиқлол» – «Соро компания» – 2:2

Голҳо: Ризо Тулуӣ, 1 (1:0). Алӣ Муҳиб Алиён, 12 (1:1). Алӣ Иброҳимӣ, 29 (2:1). Алӣ Муҳиб Алиён, 31 (2:2).

Дабл-пеналтии иҷронакарда: Муҳсин Муҳаммадзода («Соро компания»).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Алӣ Муҳиб Алиён («Соро компания»).

Назари худро бинависед