Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: «Соро компания» ва «Сипар» ғалабаи дуюми худро ба даст оварданд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: «Соро компания» ва «Сипар» ғалабаи дуюми худро ба даст оварданд

Даври дуюми Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 анҷом шуд. Муддаиёни асосии медалҳои “тилло”-и мусобиқа – «Соро компания» пойтахт ва «Сипар»-и Хуҷанд дар бозиҳои хонагии худ ғалба карданд.

Дар даври дуюм “Соро компания” бо ҳисоби 6:0 бар “Пойтахт” ва “Сипар” бо ҳисоби 2:0 бар “Истиқлол” дастболо шуданд.

Ҷоизадори медалҳои мавсими соли гузаштаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон – “Помир”-и Хоруғ дар мавсими имсола ғалабаи аввалини худро ба даст овард. Футзалбозони “Помир” дар ин давр бо ҳисоби 3:1 бар “Самандар”-и Турсунзода пирӯз шуданд.

Баъди ду даври мусобиқа дастаҳои футзали “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд” бо шаш имтиёзӣ пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошанд ва аллакай, дар даври навбатии мусобиқа ин дастаҳо бо ҳам вомехӯранд. Бозӣ байни дастаҳои футзали «Соро компания» ва «Сипар» рӯзи шанбеи 3 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Даври 2-юм

«Сипар» – «Истиқлол» – 2:0

ГолҳоДилшод Саломов, 6 (1:0). Баҳодур Хоҷаев, 37 (2:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣДилшод Саломов («Сипар»).

 

«Соро компания» – «Пойтахт» – 6:0

ГолҳоРуҳулло Исарӣ, 7 (1:0). Муҳаммад Раҷабов, 8 (2:0). Руҳулло Исарӣ, 20 (3:0). Насим Шарипов, 25 (4:0). Муҳаммад Раҷабзода, 30 (5:0). Насим Шарипов, 40 (6:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМуҳаммад Раҷабов («Соро компания»).

 

«Помир» – «Самандар» – 3:1

ГолҳоАкмал Алиназаров, 18 (1:0). Меҳроб Раҳимов, 28 (2:0). Акбар Ҳаитов, 29 (2:1). Акмал Алиназаров, 31 (3:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Меҳроб Раҳимов («Помир»).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 2 2 0 0 11-0 6
2 «Сипар» (Хуҷанд)                      2 2 0 0 10-0 6
3 «Истиқлол» (Душанбе) 2 1 0 1 4-3 3
4 «Помир» (Хоруғ) 2 1 0 1 3-6 3
5 «Самандар» (Турсунзода) 2 0 0 2 2-7 0
6 «Пойтахт» (Душанбе) 2 0 0 2 0-14 0

 

Дар даври сеюм вомехӯранд:

3 июл (шанбе)

12:00 – «Истиқлол» – «Помир»

15:00 – «Соро компания» – «Сипар»

18:00 – «Самандар» – «Пойтахт»

Назари худро бинависед