Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020: «Муҳоҷир» дар серия бо “Самандар” ҳисобро баробар сохт – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020: «Муҳоҷир» дар серия бо “Самандар” ҳисобро баробар сохт

«Муҳоҷир»-и пойтахт дар бозии дуюми  плей-офф барои баромадан ба ниманиҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон “Самандар”-и шаҳри Турсунзода ро бо ҳисоби 8 бар 3 шикаст дода, дар серия ҳисобро баробар сохт. Акнун бозии ҳалкунандаи сеюм байни “Муҳоҷир” ва “Самандар” рӯзи ҷумъаи 25 сентябр, соати 16:00 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ дар душанбе баргузор хоҳад шуд. Ғолиби ин ҷуфт дар бозии ниманиҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо “Соро компания”-и Душанбе вомехӯрад. Ҷуфти ниманиҳоии дигари Лигаро дастаҳои “Сипар” ва “Истаравшан” ташкил мекунанд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Плей-офф

«Самандар» – «Муҳоҷир» – 3:8

ГолҳоСамандар Ризомов, 7 (0:1). Парвиз Худододов, 8 (0:2). Хуршеди Зайниддин, 18 (0:3). Парвиз Худододов, 20 (0:4). Акмал Адҳамов, 22 (1:4). Хуршеди Зайниддин, 27 (1:5). Абдуқаюм Умаров, 28 (1:6). Самандар Ризомов, 29 (1:7). Низом Махмаев, 31 (2:7). Самандар Ризомов, 35 (2:8). Фирдавс Тусматов, 37 (3:8).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Самандар Ризомов («Муҳоҷир»).

Ҳисоб дар серия – 1:1.

 

«Равшан» – «Истаравшан» – 0:5

Ҳисоб дар серия – 0:2.

Назари худро бинависед