Лигаи футболи Тоҷикистон ҷадвали бақайдгирӣ ва қабули дархостҳоро барои бозигарони бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якум ҷиҳати иштирок дар мавсими 2026 тасдиқ кард. Давраи қабули дархостҳо аз 25 феврал то 5 март давом мекунад.
35-умин чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати дувоздаҳ даста сурат мегирад. Мусобиқа 6 март оғоз мешавад.
Мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 аввали моҳи апрел шуруъ мегардад.