Лигаи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзуи тибби варзишӣ баргузор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзуи тибби варзишӣ баргузор кард

Дар Душанбе бо ташаббуси Лигаи футболи Тоҷикистон семинар оид ба тибби варзишӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ духтурони бошгоҳҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон, дастаҳои футзали кишвар ва мутахассисони соҳаи тиб, ки дар дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон кор мекунанд, ширкат доштанд.

Ҳадафи аслии семинар табодули таҷриба ва баррасии равишҳои муосир дар соҳаи тибби варзишӣ мебошад. Иштирокчиён мавзӯъҳои мубрам, аз ҷумла пешгирии ҷароҳат, равандҳои барқарорсозӣ, аҳамияти тарзи дурусти ғизохӯриро баррасӣ карданд.

 

Семинар мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифт:

– Ҷароҳат ва барқароршавӣ: усулҳои муосири табобат ва давраи барқарорсозии футболбозон;

– Зарбаи магзӣ: принсипҳои ташхис ва табобат;

– Терапияи интенсивӣ: расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои вазнин;

– Психологияи варзишӣ: кор бо ҳолати равонии бозигарон, муқовимат ба стресс;

– Гидрататсияи бадан: нигоҳ доштани тавозуни оби футболбозон пеш аз бозӣ, дар давом ва баъд аз бозӣ;

– Назорати допинг: қоидаҳо, тартиб ва чораҳои пешгирии вайронкунии кодекси зиддидопингӣ;

– Бемориҳои пӯсти занбӯруғӣ: усулҳои табобат ва пешгирӣ дар муҳити варзишӣ.

Дар ҷамъбасти семинар ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев иштирок намуда, ба баромадкунандагон изҳори сипос намуда, нақши табибонро дар футболи муосир муҳим арзёбӣ карданд.

Назари худро бинависед