Лигаи футболи Тоҷикистон дар мавзӯи ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо семинар баргузор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи Тоҷикистон дар мавзӯи ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо семинар баргузор кард

Дар доираи омодагӣ ба мавсими нав Лигаи футболи Тоҷикистон дар Душанбе барои намояндагони дастаҳои футболи кишвар семинари махсусро дар мавзӯи ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо баргузор кард.

Дар семинар намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва федератсияҳои минтақавӣ низ иштирок карданд.

Ҳамоиши таълимӣ имрӯз, 21 феврал дар меҳмонхонаи «Румӣ» баргузор шуд. Машғулиятҳоро мутахассиси байналмилалӣ дар риштаи ҳуқуқи варзишӣ Ҳамид Некдастӣ (Эрон) гузаронд, ки таҷрибаи васеи кор бо дастаҳои футбол ва ташкилотҳои варзиширо дорад.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ ва салоҳияти идоракунии дастаҳои футбол, инчунин такмили дониши мутахассисон дар бораи татбиқи қоидаҳо ва муқаррароти ташкилотҳои байналмилалии футбол мебошад.

Дар семинар масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ, механизми ҳалли баҳсҳо, риояи ҳуқуқҳои байналмилалӣ, назорати молиявӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода аз коршиноси даъватшуда барои маърӯзаи пурмазмун изҳори сипос намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои таълимиро барои тақвияти тавонмандии институтсионалии дастаҳо ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ дар низоми футбол қайд кард.

Назари худро бинависед